Soranus
Боздошти як зан бо иттиҳоми фарзандфурӯшӣ
695

Кормандони милитсия дар вилояти Суғд занеро боздошт намуданд, ки мехост духтарчаи навзодашро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар ивази пули калон фурӯшад.

Сабзина Турсунбоева сокини ноҳияи Ашт буда, санаи 9-уми октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хостааст тифли навзодашро бар ивази 15 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯшад, вале кормандони милитсия занро боздошт карда, ҷиноятро пешгирӣ намудаанд.

Дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати ВКД дар Суғд зан сабаби ба ин амал даст заданашро шарҳ дода, мегӯяд аз шавҳараш ҷудо шуда, дар хонаи волидонаш зиндагӣ мекунад ва мехост тифли навзодашро фурӯхта, бо ин пул хона харад.

Сабзина аз кирдораш пушаймон шуда, дар барнома хоҳиш кард, ки иҷозат диҳанд, то духтарчаашро ба тарбияи худ гирифта, ба камол расонад, аммо...

Айни замон нисбати Сабзина Турсунбоеваи 26-сола бо моддаи 167-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Бар асоси ин банди қонун ба ӯ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид менамояд.

Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД