Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе мардеро дастгир кардаанд, ки дар куштори бераҳмонаи собиқ ҳамсараш гумонбар дониста мешавад.
Азизов Ҳасан, сокини 41-солаи пойтахт аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст. Тавре Раёсати ВКД дар Душанбе дар саҳифаи “Фейсбук” хабар додааст, рӯзи 20-уми январи соли равон дар манзили истиқоматиашон дар кӯчаи Миралии пойтахт байни Ҳасан Азизов ва собиқ ҳамсараш Ҳикматова Ҳ. бо сабаби нофаҳмии оилавӣ муноқиша сар зада, дар рафти моҷаро мард зани 38-солаашро 40 корд задааст.
“Азизов Ҳасан бо корд ва қайчӣ ба қисматҳои гуногуни бадани ҳамсараш зиёда аз 40 маротиба зарба зада, ӯро бо як бераҳмии махсус ба ҳалокат расонидааст”,- омадааст дар хабар.
Айни замон Азизов Ҳасан дар ҳабс қарор дошта, тафтишоти қазияи хунин аз ҷониби мақомот идома дорад.