Кормандони милитсия як сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони содир намудани амалҳои шаҳвонӣ бо кӯдакони хурдсол боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Манучеҳр Наимови 43-сола кӯдакони хурдсолро бо пул ба домаш афканда, ба амалҳои шаҳвонӣ маҷбур мекардааст. Ӯ дар баробари кӯдакони ноболиғро бо фиребу найранг ба муносибатҳои шаҳвонӣ маҷбур намудан, ҳамчунин онҳоро урён ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин наворҳои ғайриахлоқиро паҳн мекардааст.
Тахмин меравад, ки Наимов дар чандин ҷиноятҳои дигари хислати шаҳвонӣ дошта даст дорад. Аз ҳамин хотир, милитсияи пойтахт аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар дар бораи ҳолатҳои дигари шубҳанок, ки ба ин шахс алоқамандӣ дошта метавонанд, хабар дошта бошанд, ҳатман ба рақами (018)020202 занг зада, хабар диҳанд.