formula feb 2025
Боздошти муовини шаҳрдори Митиши барои додани пули хона ба Таҳмина Самадова
588

Кумитаи тафтишотии Русия барои додани сертификати манзил ба модари серфарзанди тоҷик Таҳмина Самадова муовини шаҳрдори Митиширо боздошт намудааст.

Мақомдори рус ба он гунаҳкор карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои зодаи Тоҷикистонро дуруст насанҷида, ба ин оила барои гирифтани хона 24 миллион рубли русӣ ҷудо кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 13-уми январ шаҳрдори Митиши Юлия Купетская дар бораи додани сертификати манзил ба ин оилаи серфарзанд, ки аслан зодаи Тоҷикистон мебошанд, вале солиёни зиёде дар Русия зиндагӣ карда, шаҳрвандии Федератсияи Россияро доранд, хабар дода буд.

Таҳмина Самадова соҳиби 7 фарзанд буда, аз рӯйи тамоми кретерияҳои пешбинишуда ба гирифтани манзил ҳуқуқ дошт, вале хабари ба ин оилаи тоҷик барои хариди хона 24 миллион рубли русӣ додани шаҳрдорӣ аз ҷониби миллатгароёни рус вокуниши шадидро ба миён оварда, бо супориши раиси Кумитаи тафтишоти Россия Александр Бастрикин Таҳмина Самадова ба ҳабс гирифта шуд.

Айни замон нисбати Самадова парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва мақомоти тафтишотии Русия ин занро ба пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои сохта, аз будаш кам нишон додани даромади шавҳараш ва қаллобӣ муттаҳам менамоянд. Дар сурати исбот шудани айби нисбати Таҳмина Самадова эълоншуда ин зани тоҷикро 10 соли зиндон интизор аст. Тақдири 7 фарзанди ноболиғаш чӣ мешавад, маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД