Arzon march 2024
Боздошти моиндар барои куштори бераҳмонаи бачаи 9-сола
327

Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз боздошти як зани тоҷик бо гумони ба қатл расонидани фарзанди шавҳараш хабар додааст. Ҳодиса дар ноҳияи Зафаробод сар зада, ҷавонзани 28-сола дар бӯғӣ кардани писари ӯгаяш гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гузориш дод, ҷасади ноболиғ Комронҷон Ниёзови 9-соларо дар ҳуҷраи хоби манзили истиқоматӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Ба иттилоъи манбаъ, ин ҳодисаи нохуш шаби 14 ба 15-уми ноябр дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод сар зада, кӯдак бо роҳи бӯғӣ кардан кушта шудааст.

“Модарандари ҷавон аз ҳиссиёти бадбинӣ ва кинаву адовати оилавӣ фарзанди ӯгаяшро, ки шаби ҳодиса барои ҳамроҳӣ кардан дар ҳуҷраи ӯ қарор дошт, ҳангоми хоб буданаш, гулӯяшро бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гумонбаршаванда 2 сол пеш бо падари ин писарак оиладор шуда, пеш аз никоҳ аз 2 фарзанд доштани ӯ огоҳ будааст ва тарбияи онҳоро баӯуҳда гирифтааст. Чаро зан ба куштори фарзанди шавҳараш даст задааст, ҳанӯз маълум нест, вале мақомот чанд фарзияро тафтиш карда истодаанд.

Ҳоло нисбати ҷавонзан бо қисми 2 моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД