Боздошти модар барои латукӯби
писари ноболиғаш
Кормандони милитсияи вилояти Хатлон ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, ки дар он як зан фарзанди ноболиғашро дар ҷои ҷамъиятӣ бераҳмона латукӯб кардааст, вокуниш намуда, ин модарро дастгир ва ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон дастрас кардаанд.
Гуфта шудааст, ки ин нафар шаҳрванд Ҳакимова Дилором, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Хуросон, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аст, ки писари ноболиғи худ Ҳ.М соли таваллудаш 2014-ро дар ҳудуди ноҳияи Хуросон латукӯб кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.