Кормандони милитсия як ҷавонмарди 30-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти куштор боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст.
Ҳодиса рӯзи 7-уми апрели соли равон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сар зада, Умедҷон Ёрови 30-сола ба хонаи Зафар Шарипови 41-сола меҳмонӣ рафтааст. Бехабар аз он ки ин меҳмонӣ ба сараш фалокат меорад, соҳибхона меҳмонро бо маю шароб зиёфат додааст. Пас аз нӯшидани арақ байни меҳмон ва соҳибхона моҷаро сар зада, Умедҷон Ёров соҳибхона Зафар Шариповро бо корд задааст.
Ҷабрида бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, нисбати Ёров бо моддаи 104-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тафтишот идома дорад.