Formula novemver 2024
Боздошти марди гумонбар дар телефондуздӣ дар Душанбе
193

Кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мардеро боздошт намудаанд, ки дар дуздии телефонҳои мобилӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.  

Гуфта мешавад, ки Қаҳҳоров Хушнуд сокини 32-солаи шаҳри Душанбе буда, қаблан суд шудааст, вале ба ҷойи он ки дар зиндон ислоҳ шуда, аз кирдори нолоиқ даст кашад ва роҳи ростро пеша намояд, мавсуф боз ба амали ҷиноятӣ даст зада, рӯзи 5-уми январи соли равон бо роҳи пинҳонӣ ба амбор ворид гашта, шумораи зиёди телефонҳои мобилиро ба яғмо бурдааст.

Гуфта мешавад, ки Хушнуд Қаҳҳоров дар содир намудани ҷанд ҷинояти дигар низ гумонбар дониста мешавад. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД