Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе як марди 37-соларо барои ба фурӯш баровардани шириниҳои бесифат ва муҳлаташон гузашта боздошт намудаанд.
Гуфта мешавад, ки Аҳлиддин Мирзораҳимов ба фурӯши маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта машғул будааст, ки истеъмоли он барои одамон хатарнок мебошад.
«Маҳсулоти кондитерӣ, махсусан шириниҳое, ки кӯдакон истеъмол менамоянд, бояд ба тамоми талаботҳо ҷавобгӯй ва барои саломатии бачаҳо комилан бехатар бошанд, аммо баъзе фурӯшандагон дидаю дониста қоидаҳои мазкурро вайрон намуда, ба фурӯши маҳсулоти муҳлаташ гузашта ва бесифат машғул мешаванд”,- омадааст дар хабар.