goodwell
Боздошти марде, ки зери ниқоби корманди кумитаи амният аз мардум пул меситонидааст
26.11.2026
Оила
73

Боздошти марде, ки зери ниқоби корманди кумитаи амният аз мардум пул меситондааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар дод, ки худро корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) муаррифӣ карда, бо ваъдаи ҳал кардани мушкилоти ҳуқуқии сокинон аз онҳо пул мегирифтааст.
Ба иттилои ВКД, Дилшод Устоев дар шаҳри Хуҷанд манзилеро ба иҷора гирифта, онро ҳамчун утоқи корӣ истифода мебурдааст. Ӯ бо пӯшидани либоси низомӣ, доштани таппончаи газӣ ва шаҳодатномаи сохта худро корманди КДАМ муаррифӣ мекардааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ бо истифода аз боварии шаҳрвандон ва ваъдаи ҳалли мушкилоти ҳуқуқии онҳо маблағҳои гуногун талаб ва гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, танҳо дар се ҳолати қаллобии ошкоршуда зарари расонидашуда ба шаҳрвандон беш аз як миллион сомониро ташкил медиҳад.
ВКД мегӯяд, ки Устоев сокини шаҳри Хуҷанд буда, қаблан бо гумони қаллобӣ ва азонихудкунии молу мулк дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД