goodwell
Боздошти марде, ки муҳоҷиронро тариқи “Тик-Ток” фиреб медодааст
81

Умедҷон Абдуллоев, сокини ноҳияи Вахш аз ҷониби кормандони милитсия бо иттиҳоми қаллобӣ, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фиреби муҳоҷирон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шудааст.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Абдуллоев тариқи “Тик-Ток” наворҳои таблиғотӣ паҳн намуда, бо ваъдаи ба кишварҳои хориҷӣ фиристодани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ истифода мебурдааст.

“11 мавриди қаллобии гумонбаршаванда ошкор карда шуда, маблағи бо ин роҳ ба даст овардааш беш аз 80 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”,- омадааст дар хабар.

Айни замон нисбати Умедҷон Абдуллоев барои “қаллобӣ” ва “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” бо моддаҳои 247 ва 335-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад. Тибқи бандҳои зикршудаи қонун, то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД