arzon replenishment
Боздошти марде, ки манзилашро ба фоҳишахона табдил додааст
548

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе мардеро боздошт намудаанд, ки манзили зисти худро ба фоҳишахона табдил дода, барои айшу ишрат кардан ба шахсони ишратпараст шароит фароҳам меовардааст.

“Дар натиҷаи санҷишҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 н. Шоҳмансур барои ташкил намудани фоҳишахона Қурбонов Аҳмад, сокини 46-солаи ш. Душанбе дастгир карда шуд. Номбурда манзили истиқоматии худро, ки дар кӯчаи С. Айнӣ ҷойгир аст, ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон барои иҷрои амалҳои шаҳвонӣ шароит фароҳам сохта, аз ин ҳисоб манфиати пулӣ ба даст меовардааст”,- омадааст дар хабар.

Тафтишот аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД