arzon replenishment
Боздошти марде, ки бо ваъдаи сафар ба Амрико пули мардумро мехӯрд
284

Кормандони шуъбаи милитсия дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мардеро бо гумони қаллобӣ ба маблағи калон боздошт намудаанд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда бо ваъдаи кумак намудан барои сафар ба Амрико аз чанд нафар маблағи калон гирифта, пулро ба манфиати худаш сарф намудааст.

Аҳмадҷон Ҳасанови 28-сола, ки бо гумони қаллобӣ ба маблағи калон кайҳо боз дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт, билохира ба чанги кормандони милитсия афтод. Номбурда чанд нафарро фиреб дода, бо ваъдаи мусоидат намудан барои сафар ба Амрико аз ҳар кадоми онҳо $20 доллари амрикоӣ пул гирифтааст, вале маблағҳои гирифтаашро ба фоидаи худ сарф намуда, кореро анҷом надодааст. Айни замон Аҳмадҷон Ҳасанов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Аз шаҳрвандон, махсусан аз шахсоне, ки нияти ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, хоҳиш карда мешавад, ки ҳушёр бошанд, зеро имрӯзҳо шумораи чунин қаллобон хеле зиёд шуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ одамонро фиреб медиҳанд ва аз онҳо маблағҳои калони пулӣ гирифта, баъдан бе ному нишон ғайб мезананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД