goodwell
Боздошти марде, ки бо баҳонаи гадоӣ хонаҳои мардумро ғорат мекардааст
07.08.2026
Оила
105

Боздошти марде, ки бо баҳонаи гадоӣ хонаҳои мардумро ғорат мекардааст

Кормандони милитсия дар ноҳияи Синои пойтахт як марди 27 солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намудаанд, ки дар ниқоби гадо ба хонаҳои мардум ворид гашта, дуздӣ мекардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода навиштааст:

“Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки Уроқов Баҳрулло қаблан низ ду маротиба бо ҳамин ҷурм суд шудааст. Номбурда ҳамчун талбанда вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон гардида, дар ҳолати набудани соҳибхона маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот, телефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи арзишмандро тасарруф мекардааст.”

Гуфта мешавад, ки рӯзи 4-уми август боздоштшуда аз манзили зисти Баротов А., воқеъ дар кӯчаи А. Ғуломов, телефонҳои мобилӣ ва ҷавоҳиротро, ки дар маҷмӯъ 60 ҳазор сомонӣ арзиш доранд, бо роҳи пинҳонӣ дуздидааст.
Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Нафароне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «WhatsApp» ва «Telegram» ба рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД