Formula novemver 2024
Боздошти марде, ки қасди куштори муҳоҷирони тоҷикро дошт
356

 

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе мардеро боздошт намудаанд, ки дар латукӯб ва қасди куштори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик гумонбар дониста мешавад.

Боздоштшуда Р. Расулов 33 сола буда, сокини ноҳияи Нуробод мебошад. Ба зикри манбаъ, ин мард нисбати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зӯровариро раво дида, бо қасди куштор ҷонибашон аз яроқ тир кушодааст.

Ҳодиса дар вилояти Сахалини Русия рӯй дода, боздоштшуда Расулов аз яроқи травматикӣ ба сӯйи як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон тир паррондааст, аммо тирҳо хато рафта ба дигар ҳамватанон расидаанд.

Айни замон нисбати Р. Расулов аз ҷониби Прокуратураи генералӣ бо қисми 4-и моддаи 32 ва моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД