Кормандони милитсия дар ноҳияи Мастчоҳ мардеро бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи хоҳараш боздошт намудаанд. Дар ин бора ВКД хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 5-уми июли соли равон дар маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Мастчоҳ рӯй дода, гумонбар А. Бобоҷонови 33-сола дар пайи як муноқишаи оилавӣ хоҳари 30-солаашро корд задааст. Гуфта мешавад, ки ҷабрдида бар асари хунравӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, вале сабаби сар задани моҷаро, ки бо хунрезӣ анҷом ёфтааст, маълум нест.
Нисбати А. Бобоҷонов бо гумони “одамкушӣ” бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Ин банди қонун аз 8 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ намудааст.