Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар ноҳияи Файзобод марде бо гумони бо сим бӯғӣ карда куштани ҳамсараш боздошт шудааст.
Марди дар куштори ҳамсараш гумонбаршуда - Зиёбег Раҷабов 50 сол дошта, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод мебошад.
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 18-уми август сар зада, байни Зиёбег Раҷабов ва ҳамсараш Ҳавасгул Умароваи 49-сола муноқиша сар задааст. Дар рафти ин моҷарои оилавӣ мард ҳамсарашро дар дохили ҳаммом латукӯб намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан сими алюминиро даври гарданаш 2 маротиба тоб додааст ва бо дастонаш роҳи нафас, даҳон ва биниашро маҳкам карда, занашро бӯғӣ карда куштааст.