Sebiston new 2024 october
Боздошти кормандони комисcариати ҳарбӣ барои “военный билет”-и қалбакӣ
400

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кормандони комиссариати ҳарбиро бо иттиҳоми бар ивази пули калон додани билети ҳарбии қалбакӣ ба як ҷавони ба хизмат даъватшаванда боздошт намудаанд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон дар вазифаи ёрдамчии сардори шуъбаи офитсерони захиравии Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара дар Ворух ва инспектори мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Кулқанд кор мекардаанд ва аз хешовандони як ҷавони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда барои сохтани билети ҳарбии қалбакӣ, ки гӯё ҷавон барои хизмати ҳарбӣ корношоям мебошад, 40000 сомонӣ талаб кардаанд. Онҳо моҳҳои май-июни соли равон 2 маротиба аз хешовандони ҷавон пул гирифта, билохира вақти гирифтани пора ба чанг афтодаанд.

Айни замон нисбати Давронов Ю. А. ва Кенҷаев Ш. А. бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Тибқи ин банди қонун ҷарима дар ҳадди аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи молу амвол пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД