Дар ноҳияи Темурмалик як корманди коммисариати ҳарбиро бо гумони гирифтани пора боздошт намудаанд.
Ба иттилоъи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ гумонбар Асомуддинов А.З аз 27-сентябри соли 2021 инҷониб дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Темурмалик кор карда, барои номи як сокини ин ноҳияро ба рӯйхати хизмати алтернативӣ навиштан аз падараш 12 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
“Асомуддинов бо сӯиистеъмоли мақоми хизматӣ барои дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузаштани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Н.Ф.Ҷ., аз падари охирон Н.Ҷ.А. маблағи 12 000 сомонӣ талаб намуда, моҳи августи соли 2023 дар ду ҳолат аз Н.Ҷ.А. маблағи зикршударо гирифтааст”, - менависад манбаъ.
Айни замон нисбати Асомуддинов А.З. бо моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Ф. Сатторӣ