toyota motors
Боздошти Кароматулло Қурбонов барои “кокс” додани “БМВ”
85

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ Кароматулло Қурбоновро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва “кокс” додани мошин боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи мошини сабукрави тамғаи “БМВ” Кароматулло Қурбонов мошинро бо суръати баланд аз ҷойи исташ якбора ба ҳаракат дароварда, яъне “кокс дода, дар роҳ ҳолати хатарноки садамавиро ба вуҷуд овардааст ва бо мақсади худнамоӣ, ин лаҳзаро ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

Назари худи Кароматулло Қурбонов нисбат ба ин ҳодиса маълум нест, вале гуфта мешавад, ки барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ нисбати ронанда бо моддаи 326-и КҲМ парвандаи маъмурӣ оғоз ёфтааст, ки аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаро пешбинӣ менамояд, ки тахминан аз 234 то 390 сомониро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД