Кормандони милитсия як марди 35 соларо барои латукӯб кардани ҷавонзани 21 сола дар байни роҳ боздошт намуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Илҳом Ҳайдарови 35 сола сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар пайи як навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст, аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт боздошт шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки чи тавр ин мард дар байни чорроҳаи бозори “Корвон” мошинашро бозошта, ҷавонзанеро латукӯб мекунад. Зан кӯшиш мекунад, ки марди муштзӯрро бо галад ва мушт занад, вале зӯраш намерасад.
Аз рӯйи ин ҳодиса маводҳои зурурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.