Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пойтахти кишварамон гурӯҳи калони нашъаҷаллобонро дастгир намудаанд. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи мазкур аз 5 нафар иборат буда, ба харидуфурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул будаанд. Дар рафти амалиёт аз боздоштшудагон зиёда аз 127 кг маводҳои гуногуни нашъадор мусодира карда шудааст.
Айни замон ҳамаи аъзои ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо қисми 4-и моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.