Cе нафар дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон наздики 200 банкоматҳои пулиро шикаста, аз дохилаш мабалағҳои калони пулиро дуздидаанд.
Роҳбарии ин гуруҳро Фарҳод Ҳасанови 32- сола, сокини ноҳияи Темурмалик, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ба уҳда доштааст. Ӯ Шуҳрат Қурбонови 32-сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Мунис Зуҳурзодаи 23-сола, сокини шаҳри Кӯлобро худ ҳамроҳ намудааст.
Онҳо асосан банкоматҳои бонкҳои “Эсхата”, “Ҳумо” ва “Спитаменбонк”-ро шикастаанд.
“Бо тайёрии махсус, бо асбобҳои бурандаву шикананда ва дар рӯй ниқобу дастпӯш шабона асосан банкоматҳои маблағгузарониро ҳадаф қарор додаанд”, – хабар дод ВКД.
Ҳасанов Фарҳод кори асосӣ – шикастан ва гирифтани пулро ба уҳда доштааст. Дигарон атрофро назорат мекардаанд. Онҳо ба хотири пинҳон шудан тавассути мошини худ маконҳои ҷойгиршавии банкоматҳоро муайян намуда, дар муддатҳои гуногун дар ҷойҳои гуногун ҷиноят содир намудаанд.
Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва пас аз гузаштани як муддат дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон ва Суғд дуздӣ кардаанд.
“23-уми августи соли равон дар кӯчаи Шамсии пойтахт банкомати “Спитаменбонк”-ро шикаста, аз дохилаш 16 ҳазору 360 сомониро тасарруф кардаанд,” – омадааст дар гузориш.
Фарҳод Ҳасанов дар гузориш ба гуноҳи худ иқрор мешавад.
Гуфта шуд, ки ин гурӯҳ дар умум 92 адад дастгоҳҳои маблағгузаронии бонки “Эсхата”-ро шикаста, аз дохилашон лар ҳаҷми умумии 600 ҳазор сомонӣ, аз бонки “Ҳумо” 99 адад дастгоҳ ва як адад банкомати “Спитаменбонк”-ро шикаста маблағҳои калони пулиро аз они худ кардаанд.
Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД нақшаи Шуҳрат Қурбоновро, ки мехостааст аз ширкати “Coca cola” воқеъ дар ҳудуди шаҳри Бохтар маблағҳои калонро дуздӣ кунад, ошкор кардаанд.
Ин гурӯҳ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва нисбаташон барои содир намудани ҷиноятҳои силсиладуздӣ бо моддаи 244 ва сӯиқасд ба содир намудани ҷинояти роҳзанӣ бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст.