Боздошти гурӯҳи 9-нафараи қочоқбарони маводи мухаддир
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти 9 нафар бо гумони ташкили гурӯҳи нашъаҷалоби трансмиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба хориҷи кишвар хабар дод.
Ба иттилои ВКД, ҳангоми боздошти гумонбарон аз махфигоҳе дар ноҳияи Мастчоҳ 24 килограмм маводи мухаддири навъи ҳашиш ошкор ва мусодира шудааст. Онро гумонбарон дар зери хок пинҳон карда будаанд.
Дар гузориши видеоии Вазорати корҳои дохилӣ, ки 4-уми ноябр нашр шудааст, гуфта мешавад, ки аъзои гурӯҳ маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид намуда, ният доштаанд онро ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.
Аз ҷумлаи боздоштшудагон Муззафар Аъзамов, Фарҳод Норҷигитов, Абдушукур Ҷӯрабоев ва Билол Туронов, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, инчунин Сафаралӣ Нуров, Ҷамшед Узоқов ва Фаридун Толибов, сокинони шаҳри Душанбе, Фарҳод Азизов ва Хушбахт Солеҳзода, сокинони ноҳияи Варзоб, ном бурда шудаанд.
ВКД дар навори нашршуда баъзе аз гумонбаронро нишон додааст, ки дар бораи фаъолияти ғайриқонунии худ нақл мекунанд.
Назари боздоштшудагон ё наздикони онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест.