Кормандони милитсия дар кӯчаҳои пойтахт чанд нафар занҳои талбандаро дастгир намудаанд, ки бо фарзандони ноболиғашон ба гадоӣ машғул буданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Занони талбанда ба он муттаҳам мешаванд, ки дар ҳавои сард кӯдакони хурдсолро ба кӯча бароварда, ба гадоӣ маҷбур кардаанд. Бино ба иттилои манбаъ, Мадамонова Иқболбӣ, Камолова Нодира ва Қурбонова Ҷавҳарбӣ фарзандони ноболиғашонро дар ҳавои номусоид ба кӯча бароварда, ба гадоӣ маҷбур намудаанд ва бо ин амалашон саломатии кӯдаконро зери хатар гузоштаанд. Тафтишоти қазияи занҳои талбанда аз ҷониби мақомот идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки тибқи қонун барои аз ҷониби калонсолон истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ ё равонӣ нисбати кӯдакон ва ҷалб намудани онҳо ба корҳои ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Водор намудани кӯдакон ба талбандагӣ низ вайрон намудани меъёрҳои қонун ва поймолсозии ҳуқуқҳои кӯдакон ба шумор меравад ва акнун занҳои талбанда барои ин амалашон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.