Милитсияи пойтахт афроди ҷисман солимеро, ки бо роҳи макру фиреб зоҳиран худро маъюбу дардманд вонамуд сохта, дар роҳҳои нақлиётгард ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба талбандагӣ машғуланд, муаян карда истодааст.
Ба иттилои ин ниҳод, имрӯз зимни баргузории рейди навбатӣ шаҳрванд Наскова Сафина Маъруфовна, санаи таваллудаш 11-уми декабри соли 2005, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми дар байни роҳи мошингард ба талбандагӣ машғул будан, боздошт карда шуд. “Номбурда ҳама рӯза бо мақсади ба даст овардани маблағ ба шаҳри Душанбе омада, дар аробачаи маъюбӣ нишаста, худро дардманд вонамуд сохта, дар байни роҳи мошингард ҳолати хатарноку садамавиро ба миён оварда, аз ронандагону роҳгузарон талаби кӯмак менамуд.
Муайян карда шуд, ки ӯ дар асл тану бозуи солим дошта, мақсадаш танҳо ба даст овардани маблағ мебошад”, - навиштааст манбаъ. Ба иттилои ин ниҳод, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.