tobiston
Боздошти ду зан дар Душанбе бо гумони ҷалби ноболиғон ба маводи мухаддир
84

Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан хабар доданд, ки ба ҷалби ноболиғон ба истеъмоли маводи мухаддир гумонбар мешаванд. Ин ду нафар Маърифат Шарипова ва Маҳинаи Шарифбек муаррифӣ шудаанд.

Ба иттилои пулис, онҳо на танҳо худ ба истифодаи маводи нашъадор машғул будаанд, балки кӯдакони ноболиғро низ ба истеъмоли маводи навъи “Метамфетамин” ҷалб кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир назари боздоштшудаҳо нисбати ин қазия дастрас нест. Вале нисбати онҳо бо моддаи 166-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ҷалби шахси ноболиғ ба содир кардани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Бар асоси қонунгузорӣ, дар сурати исботи гуноҳ, ба онҳо ҷазо то ду соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД