Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз боздошти ду бародар дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо гумони ба қатл расонидани бародарашон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 23-юми декабр рӯй дода, ду бародар, ки яке 35 ва дигарӣ 38 сол доштааст, ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бо бародари 40-солаашон ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бераҳмона латукӯб кардаанд ва ба сараш бо санг задаанд. Ҷабрдида бар асари ин зарбаҳои тақдирсӯз ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст. Додарон ҷасади акаашонро дар ҷойи ҳодиса гӯр карда, ният доштаанд, ки шабона онро ба манзилашон мебаранд ва ба хок месупоранд, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудаанд.
Айни замон нисбати бародарон бо иттиҳоми “одамкушӣ” бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Ин банди қонун аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ менамояд.