arzon replenishment
Боздошти ду бародар бо гумони латукӯби янга ва ҷиянашон
445

Кормандони мақомоти милитсия бародарон Нуралӣ ва Дилшод Мадаминовҳоро бо гумони латукӯби бераҳмонаи янга ва ҷиянашон боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар додааст.

Нуралӣ ва Дилшод Мадаминов ҳарду сокини ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон буда, дар латукӯби ҳамсари бародарашон ва духтари ӯ муттаҳам дониста мешаванд. Сабаби моҷаро маълум нест, вале тибқи иттилои манбаъ, боздоштшудагон Нуралӣ Мадаминов ва Дилшод Зокиров ба манзили бародарашон ворид шуда, ӯро таҳдид ва аъзои хонаводаашро латукӯб кардаанд. Духтар бар асари латукӯби амакҳояш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Айни замон нисбати Нуралӣ ва Дилшод Мадаминов барои «қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст ва тибқи ин банди қонун ба гумонбарон аз 8 то 12 сол зиндон таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД