Боздошти ду ҷавон дар Хатлон бо гумони дуздии 18 асп
28.10.2025
Oila.tj
190

Ду ҷавони сокинони ноҳияҳои Фархор ва Восеи вилояти Хатлон бо гумони дуздии 18 сар асп дастгир шудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ин нафарон Маҳмуд Ораеви 26-сола ва Холмуҳаммад Оралови 28-сола буда, дар 8 ҳолат 18 аспи сокинони Хатлонро рабуда, ба соҳибони чорво дар умум ҳудуди 330 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд. Маълум нест, ки боздоштшудаҳо ба ин гуфтаҳои мақомот чӣ назар доранд.

Бар зидди боздоштшудагон бо иттиҳоми “дуздӣ ба миқдори калон” (моддаи 244, қисми 3, банди “а” КҶ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, ки аз 8 то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД