35 years of independency
Боздошти чаҳор мард дар Исфара барои амалҳои бадахлоқона бо як ноболиғ
29.09.2026
Oila.tj
151

Кормандони милитсия дар шаҳри Исфара чаҳор ҷавонмарди аз 20 то 26-соларо барои содир намудани кирдори бадахлоқона нисбати як ноболиғ боздошт намудаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, яке аз боздоштшудагон тавассути WhatsApp бо як духтари 15-сола шинос шуда, муддати ду моҳ бо ноболиғ робитаи ҷинсӣ доштааст ва амалҳои бадахлоқонаашро наворбардорӣ карда, ба дӯстонаш нишон додааст. Ҳамин тавр, се нафар дӯстонаш низ бо он духтари ноболиғ шинос шуда, бо ӯ робитаи ҷинсӣ намудаанд.

Айни замон нисбати ин чаҳор мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, ҷузъиёти ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД