arzon replenishment
Боздошти блогере, ки пули муҳоҷиронро аз корфармоҳо гирифта, медод
591

Блогери шинохтаи тоҷик Комрон, ки чун Коля Таджик машҳур аст, боздошт шудааст. Дар ин бора наздикони ӯ хабар доданд.

Ин блогер ,ки қаблан бо ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла аз корфармоён рӯёнидани маоши муҳоҷирони тоҷик машғул буд, бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва одамрабоӣ дастгир шудааст.

Блогерҳои дигари тоҷики муқими Русия бо нашри як муроҷиатнома дар саҳифаи Коля гуфтанд, ки ӯ қурбони “подстава” аз ҷониби як духтари тоҷик шуд, ки аз вай барои рӯёндани пулаш кумак хоста буд.

Блогери шинохта Бобоҷон Сафаров, маъруф ба Бобоҷон 88, дар муроҷиатномааш гуфт, Коморн рӯзи 4 октябр дар шаҳри Литкарино боздошт шуда, суди шаҳри Любертси ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ба гуфтаи блогерон, як духтари тоҷик ба Комрон муроҷиат карда, гиряву нола кардааст, ки гӯё як марди зодаи Ӯзбекистон 400 ҳазор рубл пули ӯро намедиҳад. Баъдан, маълум шудааст, ки иддаои ин духтар асос надоштааст.

Вақте Коля ба назди он мард рафтааст, чанд шаппотие ҳам ба рӯяш задааст, ки ин лаҳзаҳо сабт шудаанд ва дар асоси он Комрон боздошт шудааст. Он марди узбек ҳам аз ҷараёни воқеа огоҳ набудааст.

Гуфта мешавад, ки он зан ҳам аллакай боздошт шудааст ва блогерон барои ҳар се адвокат гирифтаанд.

Ҳоло блогерон мехоҳанд муҳоҷирон кӯмак намоянд, то Комронро аз боздошт раҳо кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД