Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ҷавонеро бо гумони телефондуздӣ дар бозори “Корвон” боздошт намудаанд.
Алиҷон Мусоеви 25-соларо кормандони шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани як силсила ҷиноятҳои дуздӣ дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки номбурда асосан дар ҳудуди бозори «Корвон» телефонҳои мобилии шаҳрвандонро мерабудааст.
Кормандони милитсия зимни боздошти Алиҷон Мусоев 17 адад телефонҳои мобилиро ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира кардаанд.
Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва нафароне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии ин шахс ҷабр дидаанд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: (+992)018020202