Кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои фурӯши маводҳои психотропӣ 4 сокини пойтахро дастгир намудаанд.
Боздоштшудагон Саидов Фарҳод, Холов Киромиддин, Сангинов Тимур ва Содиқов Аминҷон дар паҳн намудани маводҳои психотропӣ дар байни ҷавонон гумонбар дониста мешаванд.
Бино ба иттилои раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни кофтуков аз номбурдагон дар маҷмуъ 330 адад маводи психотропӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.