Formula 2025 may
Боздошти 3 кӯдак барои дуздии 185 ҳазор рубл аз даруни мошин
28.05.2025
Оила
564

Кормандони милитсия дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Дқушанбе 3 писарбачаи наврасро бо гумони дуздии маблағи калони пулӣ боздошт намуданд. Гуфта мешавад, ки ин кӯдакон 185000 рубли русиро ба яғмо бурдаанд.
Тибқи иттилои мақомоти милитсия, 3 нафар наврасон дар кӯчаи Мастонгулови шаҳри Душанбе шишаи мошини “Toyota”-ро, ки ба сокини шаҳри Душанбе Н. Абдуназаров тааллуқ дорад, шикаста, аз дохили мошин 185 000 рубли русӣ ва 2 телефони мобилиро ғорат кардаанд.
Тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД