Боздошти 3 ҷавон барои авбошию бетартибӣ дар марказҳои дилхушӣ
19.12.2025
Oila.tj
87

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе се нафар сокинони пойтахт - Солеҳов Раҳматулло, Ҷамилов Шеравган ва Ҳакимов Саидҷонро барои мунтазам дар марказҳои дилхушӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардан боздошт намудаанд.

Нисбати номбурдагон бо моддаи 460-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

“Бо қарорҳои суд нисбати Солеҳов Раҳматулло ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз ва нисбати Ҷамилов Шеравган ва Ҳакимов Саидҷон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин гардид”,- омадааст дар хабар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД