Боздошти 2 мард барои паҳн кардани долларҳои қалбакӣ
128

Кормандони милитсия 2 марди сокини пойтахтро бо иттиҳоми паҳн намудани долларҳои қалбакӣ боздошт намудаанд. Дар ин хусус Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Боздоштшудагон сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, 27 ва 31 сол доранд. Аз онҳо 82 адад 100-доллараи қалбакӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Дар хабар омадааст, ки боздоштшудагон аз сокини шаҳри Ваҳдат Иброҳим Ғафуров рӯзи 30-юми январи соли равон бар ивази 30 ҳазор сомонӣ 10 ҳазор доллар пули қалбакӣ гирифтаанд, то онро ба муомилот ворид намуда, фоида ба даст оранд. Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки долларҳои қалбакӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.

Айни замон нисбати ду нафар боздоштшудагон бар асоси қисми 2-и моддаи 281-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия ва паҳн кардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, бар асоси ин банди қонун ба эшон аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид менамояд. Роҳбари гурӯҳ Иброҳим Ғафуров дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД