Formula novemver 2024
Боздиди роҳбарони Хадамоти муҳоҷирати ИДМ аз Данғара
732

Роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои ИДМ - Россия, Беларус, Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, дирӯз ба шаҳри Данғараи вилояти Хатлон сафар намуда аз Маркази рушди малакаҳо дидан намуданд.

Меҳмононро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Давлатзода ҳамроҳӣ намуда, бо шароитҳои ин бинои навбунёд, ки рӯзи 24-уми май бо иштироки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, аз наздик ошно намуд.

Маркази рушди малакаҳо дар Данғара дар доираи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кортаъминшавӣ” таъсис ёфта, дорои биноҳои чорошёнаи таълимӣ, устохонаҳои таълимӣ, биноҳои ёрирасон, хобгоҳ ва майдончаи варзишӣ мебошад.

Маркази мазкур ба беҳтар намудани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занони корҷӯй нигаронида шуда, дар ин ҷо дар баробари омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун масъалаи бокортаъминсозӣ низ ҳал карда мешавад.

Дар дохили он маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 160 чойи хоб, ҳуҷраҳои санитарӣ, дарзмолкунӣ, либосшӯӣ ва буфет мавҷуд аст.

Дар марказ касбҳои сабзавоткорӣ, коркарди меваю сабзавот, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, таъмири асбобҳои рӯзгор ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ омӯзонида мешаванд.

Дар давраи омӯзиш фарзандони бонувони корҷӯй дар маркази нигоҳубини кӯдакон парвариш ёфта, худи занон бо стипендия таъмин карда мешаванд.  

dusttttt1

dusttttt2

dusttttt3

dusttttt4

dusttttt5

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД