Дар вилояти Суғд нисбати як оилаи ҷавон ба гумони фурӯши тифли навзод, ки фарзанди худашон буда, ҳамагӣ 3-рӯза будааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуд...
Тавре ки аз барномаи “Пайки Суғд” бармеояд, ҳамсарон сокинони ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен мебошанд. Ин барнома бар асоси маводҳои парвандаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таҳия шуда, дар он гуфта мешавад, ки ин оила соҳиби як фарзанд буда, пас аз таваллуди тифли дуюм хостаанд кӯдакро бар ивази 6 ҳазор сомонӣ ба сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов фурӯшанд, вале дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби крмандони милитсия ҳангоми гирифтани пул боздошт шудаанд.
Зимни бозпурсӣ зан мегӯяд, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, нигарон буд, ки бо ду кӯдаки хурдсол дар хонаи волидонаш чӣ гуна зиндагӣ мекунад.
“Дар аввал ин зан мехост исқоти ҳамл кунад, аммо пас аз муоинаи табиб маълум шуд, ки давраи ҳомиладориаш тӯлонӣ аст, аз ин рӯ, тасмим гирифт, ки фарзандашро ба як оилаи рӯзгорашон таъмину обод диҳад”, - зикр мегардад дар гузориши телевизионӣ.
Бино ба маълумоти ВКД, айни замон нисбати падару модари кӯдакфурӯш мутобиқи моддаи 167-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон (Хариду фурӯши кӯдак) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тибқи ин модда барои хариду фурӯши кӯдак ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.
Дар гузориши видеоӣ гуфта мешавад, имсол ин аллакай ҳодисаи дуюми пешгирии ҳолати фурӯши кӯдакон аз ҷониби милитсия аст.