Дар деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод рӯзе қабл сарбози ормонию ҷавонмарги тоҷик Одиназода Оқилҷон Ҷумъабекро ба хок супурданд.
Оқилҷон Одиназода моҳи сентябри соли равн дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷароҳати вазнин бардошта, қариб ду моҳ боз таҳти табобату назрати табибон қарор дошт, вале мутаассифона кормандони тиб ҷони ин ҷавони 22-соларо аз чанги марг наҷот дода натавонистанд.
Сӯҳроби Ваҳҳобниё дар гуруҳи фейсбукии ЗОДГОҲ - ОҒОЗГОҲИ ВАТАН аз марги ҷигарсӯзи Оқилҷон Одиназода хабар дода гуфтааст, ки дар маросими видоъ бо ин сарбози ғуррамарг дар Сафедмун муовини фармондеҳи қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, сардорони идораҳои корҳои дохилию амнияти минтақаи Рашт, раиси ноҳияи Тоҷикобод, фармондеҳони воҳидҳои низомии мустақар дар минтақаи Рашт ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Оқилҷон Одиназода сокини деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод буда, ҳамагӣ 22-сол дошт. Ин ҷавони рустамбозу баҳори соли 2021 ба хидмати зарбӣ даъват шуда, дар яке аз воҳидҳои марзбонӣ дар ҳудуди Исфара хидмат мекард.
“Дар даргириҳои хунини марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 14-17 моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Исфара, мардона дар муқобили душмани паймоншикан ҷангид ва шадидан маҷруҳ шуд, вале сангари худро тарк накард. Чанд муддат дар бемористони шаҳри Хуҷанд ва як моҳи ахир дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ буд.
Ду бор ҷарроҳӣ шуд. Субҳи 15 -ноябр дар бемористони Қарияи Боло аз дунё даргузашт. Асри 15 ноябр дар мазори деҳаи Сафедмун ба хок супурда шуд”, - хабар додааст Сӯҳроби Ваҳҳобниё.