arzon replenishment
БОЗ ЯК НАВРАСРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДАНД
1725


Тобистони имсола хело тоқатфарсо ба ватани мо омад. Дар ин ҳавои гарм ҳар як нафар зиёд мехоҳад ба ҷӯю рӯду дарёҳо рафта оббозӣ кунанд, аммо аз хавф ва хатарнок будани соҳили дарё андеша накарда, ба ҳаргуна офат гирифтор гашта ҷони худро аз даст медиҳанд.

Мақсад аз ин гуфтаҳо ҷавони 18-сола мебошад,ки бо нияти оббозӣ худро ба дарё андохта қариб монда буд,ки ҷони худро аз даст диҳад.

Ҳодиса як рӯз қабл рӯх додааст.
Ҷабрдида сокини шаҳри Ваҳдат буда, дар "Кӯли ҷавонон" - и пойтахт оббозӣ карда қариб монда буд, ғарқ мешуд.

Дар Душанбе аз ғарқшавии ин сокини 18 - солаи маҳаллаи Заргари шаҳри Ваҳдат сари вақт пешгирӣ карда шуд.

Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, феълан дар ҳудуди тамоми кӯлу дарёҳои мамлакат кормандони кумитаи рейдҳо баргузор мекунанд.

Зимни баргузории чунин рейд, дар "Кӯли ҷавонон" дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат аз шиновари наврасро аз марг наҷот доданд.

Манбаъ меафзояд, ҷавон қасди убур кардани "Кӯли ҷавонон" дошт, аммо бинобар риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар ҳоли ғарқшавӣ қарор дошт.
Дар ин асно, ғаввосон зуд худро ба маконе, ки наврас дар ҳоли ғарқшавӣ буд, расонданд ва ӯро фавран аз дохили об берун оварданд.

КҲФ мегӯяд, ба сокини шаҳри Ваҳдат кумаки аввалия расонда шуд ва вазъи саломатии ӯ хуб буда, ниёзи интиқол доданаш ба бемористон вуҷуд надошт.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аснои мавсими шиноварӣ ҳамасола теъдоди зиёди одамон ғарқи об мешаванд. Ҳарчанд КҲФ миёни мардум рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ҳам, аммо теъдоди ин гуна воқеаҳои нохуш кам нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД