formula feb 2025
Боз як мансабдорро бо гумони латукӯби бераҳмонаи занаш ба ҳабс гирифтанд
973

Дар Қазоқистон боз як марди мансабдорро бо гумони латукӯби бераҳмонаи занаш ба ҳабс гирифтанд. Дар ин бора “Азаттык Азия” дар такя ба департаменти пулиси шаҳри Остона хабар додааст.

Эмиратах Сакен Мамаш, собиқ мушовири сафири Қазоқистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб бо гумони пайваста латукӯб намудани ҳамсараш боздошт шудааст.

Ҳанӯз як сол қабл дар асоси шикояти ҳамсараш Карина Госман тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбати ин мансабдор барои пайваста содир намудани амалҳои хислати зӯроварӣ дошта нисбати занаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Аз ҷониби пулис гурӯҳи махсус ташкил карда шуда, тӯли як сол чорабиниҳои зиёди тафтишотӣ гузаронида шуданд ва ниҳоят бар асоси далелҳои гирдоварда суд ба хулосе омад, ки Эмиратах Сакен Мамаш бояд ба ҳабс гирифта шавад.

Карина Госман дар шикояти видеоияш гуфтааст, ки шавҳараш Эмиратах Сакен Мамаш муддати 10 сол боз ӯро ҳамеша ранҷу азор медиҳад ва бераҳмона латукӯб мекунад. Мувофқи гуфтаҳои занаш, ин марди мансабдор натанҳо ҳамсараш, балки хешу табори ӯро низ латукӯб мекардааст ва хоҳари калонии занашро, ки ба хонаашон меҳмонӣ омадааст, зери мушту лагад гирифтааст.

Пас аз шикояти занаш Эмиратах Сакен Мамаш аз кори дипломатӣ бозхонд карда шуд.

Ин аввалин ҳодисаи ба ҳабс гирифтани мардони мансабдор барои латукӯб ва муносибати бераҳмона бо зан нест. Моҳи майи соли гузашта собиқ вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Куандик Бишимбоев барои куштори бераҳмонаи занаш Салтанат Нукенова ба 24 соли зиндон маҳкум гашта буд. Пас аз ин, ҳокими Макат Ринат Иброгимовро суд барои маҳдуд намудани озодӣ ва расонидани зарар ба саломатии зане, ки аз ӯ вобастагии иқтисодӣ дошт, ду сол шартан аз озодӣ маҳрум намуд, аммо баъдан ин ҳукм бо ҷарима иваз шуд.

Новобаста ба ҳама талошҳо барои пурра аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон то ба ҳол ин масъала доғ боқӣ мемонад. Махсусан дар кишварҳои осиёӣ зӯроварӣ нисбат ба ҷинси латиф ва латукӯб кардани зан аз ҷониби шавҳар ва дигар мардони аҳли хонавода як падидаи маъмулӣ гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД