Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти боз як зан, ки бо фолбинию ҷодугарӣ машғул будааст, хабар медиҳад.
Қосимова Х. , сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт буда, аз ҷониби кормандони милитсия барои машғул шудан бо сеҳру ҷоду боздошт шудааст. Ин зани 61-сола дар манзили истиқоматиаш мизоҷонро қабул карда, бо баҳонаи фолкушоӣ, гаму хунук ва сеҳру ҷоду кардан аз онҳо пул мерӯёнидааст.
Ба иттилоъи манбаъ, Қосимова бар замми фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ ҳамчунин бо ҳиҷома кардан машғул буда, дар хонааш дар шароити ғайри санитарӣ аз одамон хун мегирифтааст.
Айни замон нисбати Қосимова Х., ки ба қавли манбаъ саводи динӣ ва тиббӣ надоштааст, бо моддаи 482-и Кодекси граждании Тоҷикистон парванда оғоз ёфта, ин зани фолбинро ҷарима дар ҳаҷми аз 40 то 50 нишондиҳанда интизор аст.
Ёдрас мешавем, ки тибқи қонун машғул шудан бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дар Тоҷикистон манъ карда шудааст.