Кормандони милитсияи пойтахт барои мунтазам паҳн намудани наворҳои ғайриахлоқӣ як блогердухтарро дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, ки Мошарифи Амирҳисайн, соли таваллудаш 10.12.1999, сокини ноҳияи Муъминобод, дар Instagram саҳифаи худро бо номи mohiraofficial кушода, бо алфози қабеҳу тарғибкунандаи фаҳш ба шаъну шарафи зан-модар иснод меовард.
Зикр шудааст, ки бо назардошти кӯдаки ноболиғ доштанаш аз ҷониби суд нисбати Мошарифи Амирҳисайн ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1440 сомонӣ таъин карда шуд.
Қабл аз ин, блогерони дигаре ҳам, чун Матин Пирзода, Фаррух ва дигарон барои чунин кирдор ҷаримаву ҳабси маъмурӣ шуда буданд.