Дар ноҳияи Вахш барои кӯдакону наврасони ятим ва бепарастор мактаб-интернати нав кушода шуд. Ин даргаҳи умед боз як ҳадяи сарвари давлат ба ятимон, бепарасторон ва камбизоатон мебошад.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Хатлон аз ноҳияи Вахш низ дидан намуда, дар маросими ба истифода додани Муассисаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳия, ки дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ сохта шудааст, ширкат намуданд.
Мактаб-интернати мазкур барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шуда, аз 6 бинои алоҳида, бинои асосии дуошёна, хобгоҳ, ошхона, меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва бинои муҳофизон иборат мебошад.
Тавре ки масъулин зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, бинои асосӣ дорои 8 кабинети фаннӣ, аз қабили биология, география, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, ҳуҷраи равоншиносӣ, китобхонаи муосир, ҳуҷраҳои кории маъмурият, омӯзгорону мураббиён, 8 тахтаи электронӣ ва синфхонаи ибтидоӣ мебошад.
Тамоми синфхонаҳо бо таҷҳизоти таълимии замонавӣ, мизу курсӣ ва айёнияти дарсӣ пурра таъмин карда шудаанд. Дар китобхонаи мактаб-интернат имконияти мусоид барои мутолиаи адабиёти дарсӣ, илмӣ ва соҳавӣ фароҳам мебошад.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб-интернатро муборакбод гуфта, ба омӯзиши илмҳои дақиқ, аз худ намудани технологияҳои замонавӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда ҳидоят намуданд.
Айни замон дар мактаб-интернати мазкур 285 нафар кӯдакони ятим ва бепарастор ба таълиму тарбия ва зиндагӣ фаро гирифта шудаанд.
Мактаб-интернат бо низоми мустақили гармидиҳӣ пайваст буда, дар бунгоҳи тиббии муассиса таҷҳизоти нави замонавӣ барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба кӯдакон муҳайё мебошад.
Хобгоҳи «Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и ноҳияи Вахш аз се ошёна иборат буда, бо шароити муосир барои 350 кат бо нуқтаҳои санитарию гигиенаи шахсӣ сохта шудааст. Дар ҳуҷраҳои хоб барои истиқомат ва дарстайёркунии хонандагон лавозимоти зарурӣ таъмин буда, толори маҷлис, ки дар ошёнаи якуми хобгоҳ ҷойгир аст, дорои 160 ҷойи нишаст мебошад.
Масоҳати умумии иншоот чор гектарро дар бар гирифта, бо тарҳи муосир ва бо истифода аз унсури шаҳрсозии миллӣ бунёд шудааст.
Саҳни муассисаро беш аз 800 дарахти ҳамешасабз ва сояафкан зебу зинат бахшида, намудҳои гуногуни гулҳои мавсимию ороишӣ шинонида шудаанд.
«Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и ноҳияи Вахш дорои ошхонаи замонавӣ буда, барои тарбиятгирандагон таъом ва хӯришҳои гуногун омода карда мешавад.
Тибқи нақша минбаъд барои тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат ҳамчунин биноҳои махсус барои касбомӯзӣ, варзишгоҳ, майдони теннис, ҳавзи шиноварӣ, боғ ва гулгаштҳо сохта хоҳанд шуд. Масоҳати маҷмааи иншооти сохташавандаи касбомӯзӣ, маъмурият, варзишгоҳ, майдони теннис, ҳавзи шиноварӣ, боғ ва гулгашт ду гектар заминро ташкил дода, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад.
Бо бунёди бинои 4-ошёнаи касбомӯзӣ ва иншооти дигари замонавӣ барои рушди зеҳнию ҷисмонии кӯдакону наврасони бепарастор ва ятим шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда ва ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тавре ки “Ховар” иттилоъ додааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 285 кӯдакони ятим ва бепарастор, ки дар ин мактаб-интернат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, туҳфаҳо тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.Туҳфаҳои Сарвари давлат аз маҷмӯи либоси зимистона, шиму костюм, болопӯш, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ширинӣ, кумаки молии яквақтаина ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буда, хотири афтол аз гирифтани ин ҳадяҳо хеле болида гашт.