Arzon march 2024
Боз кадом ноҳияҳо беоб мемонанд
353

 

Интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 22-00 рӯзи 19 октябри соли 2023 то соати 08-00 рӯзи 20 октябри соли 2023 қатъ мегардад.

 

Дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шоҳтемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ  интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 22-00 рӯзи 19 октябри соли 2023 то соати 08-00 рӯзи 20 октябри соли 2023 қатъ мегардад. Бо ин сабаб аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки барои соатҳои беобӣ, барои худ обро захира намоянд. 

 

Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додааст.

Лозим ба ёдоварист, ки қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2023, №563 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» қабул шудааст.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД