Беш аз 40 нафар муҳоҷирони меҳнатиро, ки ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия кору фаъолият менамуданд, аз вилояти Маскав ихроҷ мекунанд.
Тавре ки роҳбари хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии Россия дар вилояти Москва Татьяна Петрова ба “ РИА Новости”хабар додааст, кормандони пулис муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ҷараёни амалиёти махсус, ки дар анборҳои корхонаҳои истеҳсолии совхози ба номи Ленин гузаронида шуд, ошкор намуда, нисбаташон мавод тартиб додаанд.
“Дар натиҷаи ин амалиёт 40 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ин минтақа ба таври ғайриқонунӣ кору фаъолият менамуданд, ошкор карда шуда, нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Россия ихроҷ карда мешаванд”-навиштааст манбаъ.
Дар шарҳи ин масъала Татьяна Петрова гуфтааст, ки дар рафти амалиёт ҳуҷҷатҳои 50 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ санҷида шуданд ва маълум гашт, ки беш аз 40 нафари онҳо ба таври ғайриқонунӣ дар ин минтақа кор мекунанд.
Дар ин асос нисбат ба 42 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои тартиби буду бош дар Россия протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи моддаи 18.8 КоАП РФ ҳар яки ин муҳоҷирон ба маблағи 5000 рубли русӣ ҷаримабандӣ карда шуданд ва барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ аз қаламрави Россия ихроҷ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки 9 нафар муҳоҷирон якбора бо ду модда гунаҳкор дониста шуда, нисбати як сокини 62-солаи Тула барои ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.