Шабонарӯзи гузашта 2 ҳодисаи нохуши ғарқшавии одамон дар обҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.
Рӯзи 13- август як навраси 15-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар мавзеъи мамнӯъи Сирдарё оббозӣ карда, бо сабаби риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд пас аз 30 дақиқаи сар задани ин ҳодисаи нохуш ҷасади ноболиғро аз об бароварда ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ҳодисаи дуюм дар вилояти Хатлон сар зада, як сокини 34-солаи деҳаи Чашмасори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Хатлон то торик шудани ҳаво ҷустуҷӯро идома дода бошанд ҳам, ягон натиҷа ҳосил нашуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ субҳи имрӯз 14 август идома ёфтанд.