Sebiston new 2024 october
Борони шадид борида, сел меояд
620

 

Ду рӯзи охир ҳаво дар кишвар тағийрёбанда шуда, ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа поин меравад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст.

Тибқи иттиллои манбаъ, рӯзи 30-юми марти соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон борони шадид меборад, ки бар асари боришот эҳтимоли боло рафтани сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизису (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои кӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар як қатор навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон эҳтимол сел ояд.

Дар чунин рӯзҳо Кумита ба сокинони ин ноҳияҳо тавсия медиҳад, ки ба ғунучини ҳезум, дорувор, шикор ва моҳидорӣ нараванд ва дар ҳоли рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо телефонҳои 112 ё (+992) 93 880 28 19 ва 223-13-11 занг зананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД