arzon replenishment
Бори сеюм шавҳар кунам, шарманда мешавам?
30.10.2022
ОИЛА
1776


Саломи худро аз кишвари Русия ба ҳамватанон мерасонам. Ман имсол ба синни 30-солагӣ мерасам, вале аллакай 2 маротиба оилавайрон шудаам.

Бори аввал волидонам маро бо як хеши дурашон оиладор карданд. Шавҳари якумам дар баробари он ки ману фарзандонамро таъмин намекард, боз мунтазам ба сарам зада, маро бемору бистарӣ карда буд. Бори дуюм бо марди занмурдае оиладор шудам, ки аз рӯзи аввали шиносоиямон худро ошиқи шайдо нишон дода, ба гӯшам қиссаҳои ошиқона мехонд. Ҳамагӣ баъди чанд моҳи оиладорӣ шавҳари дуюмам дигар ба хона намеомадагӣ шуд ва билохира талоқамро дода рафт. Бо ду фарзанд дарди сари волидон шудан нахоста, ба Русия назди бародаронам омадаму дар ин ҷо соҳиби ҷои кори хуб ва ҷои зист ҳастам. Мардони тоҷики зиёде дар ин ҷо ба ман изҳори муҳаббат намуда, оиладор шудан мехоҳанд, вале ман метарсам. Дилам аз тамоми мардҳо мондааст, гумон мекунам, ки ҳамаашон як хеланд. Метарсам, ки бори сеюм шавҳар карда, бори дигар шарманда нашавам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, бори сеюм шавҳар кунам?
Д.Т.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД